Саҳифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм Саҳифаи мазкур аз тарафи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ мешавад. Сайт: http://www.president.tj Facebook: https://www.fb.com/emomalirahmontjk
25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ҳамватанони азиз ва мухлисону дӯстдорони варзиши футболро ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар саросари олам таҷлил мегардад, самимона табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд:25 мая Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своем послании поздравил дорогих соотечественников, болельщиков футбола и любителей спорта со Всемирным днем футбола, который отмечается во всём мире по инициативе Таджикистана.
«Як сол пеш, яъне 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки тибқи он таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол расман ба тақвими байналмилалӣ ворид гардид.
Ин иқдоми созанда боз як далели нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад».
Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул:
«Год назад, 7 мая 2024 года, Генеральная Ассамблея ООН по предложению Таджикистана приняла резолюцию, согласно которой празднование Всемирного дня футбола официально включено в международный календарь.
Этот созидательный шаг является ещё одним свидетельством активной роли и растущего авторитета Таджикистана на мировой арене и его вклада в укрепление общечеловеческих ценностей, включая мир, дружбу, взаимопонимание, солидарность и сотрудничество посредством спорта».
22 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ҳамаи ҷавонону наврасони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ, иқболи нек ва дар кору фаъолияти созандаашон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳо орзу намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд:
«…Мо ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидашудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург медонем.
Ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки аз ҷумлаи нахустин ва бузургтарин ҳадафҳои сиёсии мо мебошад, имрӯз ва дар оянда низ аз фаъолияти ватандӯстонаи ҷавонон вобастагии бевосита дорад».
Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул:
«Мы считаем молодёжь огромной силой для достижения созидательных и ориентированных на будущее целей государства и Правительства страны.
Защита независимости и свободы Таджикистана и укрепление основ национальной государственности, которая является одной из наших первых и величайших политических целей, сегодня и в будущем напрямую зависит от патриотической деятельности молодёжи».
The Head of State, Emomali Rahmon, noted:
“…We consider youth to be a great force for achieving the creative and future-oriented goals of the state and the Government of the country.
The protection of the independence and freedom of Tajikistan and the strengthening of the foundations of national statehood, which are among our first and greatest political goals, directly depend on the patriotic activities of youth today and in the future.”
Дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зарифбек Давлатзода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Данғара #Дангара #Danghara
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | emomalirahmontjk">Youtube
Боздид аз ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам дар ноҳияи Данғара
16.05.2025
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Данғара #Danghara
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | emomalirahmontjk">Youtube
16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оксус Интеразияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи навбунёди саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти беҳтарини аврупоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку бо технологияи рақами як дар ҷаҳон равона шудааст. Хаҷми сармоягузории коргоҳ дар ду марҳила 27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар корхонаи саноатӣ 15 намуди маҳсулоти тамоку истеҳсол гардида, иқтидори тавлидотии он 3 миллиард дона дар 1 солро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки корхона давоми як соли оянда бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд.
16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳоти Корез барои бунёди коргоҳи истеҳсоли дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ Куруши Кабир Индастри санги асос гузошта, бо лоиҳаи бунёди ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, иқтидори истеҳсолии коргоҳ, ки бо ду хатти истеҳсолӣ дар масоҳати 12 000 метри мураббаъ сохта мешавад, дар як сол 180 000 дару тиреза ва панелҳои алюминиро дар бар хоҳад гирифт.Читать полностью…
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
22.05.2025
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #РӯзиҶавонон #ДеньМолодежи #YouthDay
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | emomalirahmontjk">Youtube
17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо бо ибрози таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беш аз пеш Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат зимни суҳбат ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистонро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи саъю талошҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ карданд.
Президентҳо, ҳамчунин, барномаи мулоқоту вохӯриҳои дарпешистодаи дуҷонибаву бисёрҷонибаи сатҳи олии ду кишварро ҳамоҳанг намуданд.
Глава нашего государства с пожеланиями здоровья и больших успехов тепло поздравил Президента Республики Казахстан с днем рождения.
В ходе беседы Лидер нации, отметил позитивную динамику таджикско-казахстанских отношений стратегического партнёрства и союзнического взаимодействия.
Была выражена готовность сторон к продолжении совместных усилий в этом направлении.
Президенты также согласовали график предстоящих двусторонних и многосторонних встреч на высшем уровне.
17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ роҳбарони вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва фаъолони ноҳияи Данғара иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Данғараро натиҷагирӣ карда, вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро таҳлил намуданд.
16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам шинос шуданд.
Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам иттилоъ дода шуд, ки он соли 2009 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 70 гектарро ташкил медиҳад.
Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи агротехника дар майдони 25 гектар гелос, 4 гектар шафтолу, 2 гектар зардолу ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро, ки ба минтақа мутобиқ аст, парвариш менамоянд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон дар майдони 800 гектар гандум, 15 гектар зағер, 180 гектар ҷав, 190 гектар пахта, 52 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 34 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст, ки ҳама нашъунамои хуб доранд.
16 май дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҷамъу васл ва истеҳсоли мошинҳои гуногунтамғаи зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сипар Групп санги асос гузоштанд.
Масоҳати умумии майдони корхонаи саноатӣ 40 гектарро ташкил намуда, ба фаъолият оғоз намудани он имкон фароҳам меорад, то қисмате аз эҳтиёҷоти кишвар ба техникаву лавозимоти ҳарбӣ аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ бароварда шавад. Ҳамчунин, муҳим аст, ки 120 сокини маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
16 май дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат дар оғози сухан иштирокдорони ҷаласаро хайрамақдам гуфта, ба саъю кӯшиши муштарак ва фаъолияти ҳамоҳанги сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ баҳои баланд доданд.
В начале встречи Глава государства, поприветствовав её участников, дал высокую оценку совместным усилиям и скоординированным действиям органов безопасности и спецслужб государств-участников СНГ.